Мусоњиба бо падари Сўњроб Лангариев Салмон Лангариев пас аз мурофиаи додгохи
-Пас, аз анљоми мурофиаї додгоњи дар чи њол ќарор доред ва вазъи саломатии шумо чи гуна аст?
-Саломатиям хуб нест. Беморам, вагарна…ай ваќти бачора њамин хел карданд, њолам боз бадтар шудааст. Берун мебароям, њама ба њолам механдад, ки барои њукумат мењнат карду имрўз як тин ќадр надорад.
Дар суд ду се бор будам. Дигар касеро напурсиданд ва касеро низ даъват накарданд. Ман як умр коргари орган будам. Мувофики конун чиноят дар кучое, ки содир шавад, бояд суд низ дар њамон љо гузаронида шавад. Бояд дар њамин Кўлоб медиданд, лек онњо аз мардуми Кўлоб тарсиданд, ки мехезанд, љанг мекунанд. Барои њамин, аз тарс суда дар даруни мањбас гузаронданд ва ќариб ягон каса иљозат надоданд. Ба љуз ман. Баъди ин бовар кунед, дилам аз њамин давлат сард шуд. Хизматњое, ки мо шабу рўз дар сарњад кардем, пеши рўи касе наомад. Ба мо хиёнат карданд. Бубинед, ки онњо худ 5 нафарро аз болои Хољаѓоиб дар даруни шањр куштанд, 6 нафари дигарро захмї карданд ва барои ин касеро гунањкор надонистанд. Љиноятњои худро низ дар гардани бачањо бор карданд, ки ин ѓайримумкин буд. Охир аз даруни тањхона онњо њељ кор карда наметавонистанд.
-Барои њали ин ќазия борњо талош доштед, то бо президенти кишвар мулоќот кунед. Талошњои шумо бо чи натиља анљомид?
- Президент, Эмомалї маро ќабул накард. Чандин бор навиштам, вале натиља надод. Баъд, ба Убайдуллоев навиштам. Ба Убайдуллоев телеграмма додам, ки аќалан маро 5-даќиќа ќабул намояд. Фикр кардам, ки њар сўњбате кунам ў ба боло мерасонад. Аммо дар љавоб ў навиштааст, ки бобои Салмон шуморо ќабул карда наметавонем ва чизе, ки мехоњї навис. Ў аз тарси Эмомалї чунин кард. Гуфтам, ки агар ќабул кунад, мекунад, вагарна дар њазор сол дигар наменависам. Лекин, маќсади ман ин буд, ки бо онњо рў ба рў сўњбат намоям. Гуфтам, ки дар ваќташ Бобои Салмонро рўз намедод, њоло нодаркор шудааст.
-Мурофиаи додгоњї чи гунна сурат гирфт?
-Гуфтам-ку дар даруни мањбас…Наход фарзанди инсон чунин кунад. Бачањоро ќариб бегуноњ якумрї суд карданд. Мисли оне, ки кушандаи Ленинро чунин карда буданд. Вале ўро ин ќадар азоб надода буданд.
Бачањоро як ду бор рафта хабар гирифтам. Ба дараљаи олї азобашон додаанд. Ай ваќти бурдан то имрўза онњоро задаанд. Дар њамиља дар пеши мардум зада буданд…Маљбур гуноњро дар гарданашон бор карданд.
Дар кадом асос онњоро суди умрї карданд, намедонам. Одам дар пеши инњо мисли хас ќадр надоштааст.
Охир, бачои љавон оянда доштанд ва барои њукумат метавонистанд хизмат кунанд. Ана мусалмониву рањмхурї. Мусулмонї њамин аст. Рањм надоштаанд. Гапњои маро бирасонен. Њарчанд, ки мегуфтанд, ки хизматњои Бобои Салмону писаронашро фаромўш намекунем. Бинед, ки чи карданд. Аќалан, бо сол судшон накраднд…
-Пас аз ин чї тасмим доред? Аз болои њукми додгоњ ба ягон љои дигар шикоят мекунед ё ба таќдир тан додаед?
Не! Шикоят мекунам. Ба сесияи суди олї менависам, ки биёянд халќа бипурсанд. Аз Кўлоб сари суд чанд каса бурданд ва онњо гуфтанд, ки гунањкори азим давлат аст. Баъд, то ба Созмони миллали Муттањид менависам. Биёянд ва њаќиќати њолро бубинанд, ки чи гуна бачањоро дар даруни хона бегуноњ заданд. КГБ аз Душанбе барои боздошти онњо 500 нафар овард, кўдакон њангоми тирборон дар хона буданд. Путин барои наљоти як кўдак армияро хезонд, лек инњо чунин накарданд.
-Бовар доред, ки арзи шуморо додгоњи олї дубора баррасї кунад? Умуман ба њаќиќати судї дар Тољикистон бовар доред?
-Умуман, ба судњои Тољикистон боварї надорам. Барои он, ки ин судњо њамаашон тобеъи Эмомалї њастанд. Суд аз тарафи халќ аст ва бояд аз рўи њаќиќат кор намояд. Аммо инњо чунин нестанд. Чизе, ки Эмомалї гуфт, њамонро мекунанд. Судњо бояд халќї бошанд, тарафдорї халќ бошанд. Дар Тољикистон њаќиќат нест. Судњо бо фармони калон амал мекунанд…
Медонам, ки шуморо низ рўз намедињанд. Сад фоиз бовар дорам, ки агар њамин гапњои мара дар радиову газета дињед, аз паси шумо мешаванд.
Дигар паноњатон ба Худо!
-Саломат бошед!
Ошно






